Душанбегиҳо, об захира намоед!

Сентябрь 25, 2015 04:27

Душанбе, 25.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт  ва омода намудани онҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон интиқоли оби нӯшокӣ ба аҳолии пойтахт аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Худҷореъ» ва  «Фишорӣ» муваққатан қатъ мешавад. 
Ҳамин тариқ аз соати 22:00 рӯзи 30 сентябр то соати 24:00 -и 1 октябр интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковскийи ноҳияи Фирдавсӣ  ва инчунин дар кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, К.Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсарои «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур муваққатан қатъ  мешавад. 
       Ҳамзамон аз соати 22:00-и 6 октябр то соати 24:00 -и 7 октябр  интиқоли оби нӯшокӣ дар шаҳракҳои  43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Борбади ноҳияи Фирдавсӣ  ва шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев,  Ханҷин, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нави ноҳияи Сино муваққатан қатъ  мегардад.
    Инчунин аз соати  22:00 -и 13 октябр то соати 24:00 -и 14 октябр интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои чор ноҳияи пойтахт -ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаббибӣ, У.Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1 то 77;
Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамиршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112 ва Зарафшон 1,2;
Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор,  Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе муваққатан қатъ мегардад. 
     Ҳамзамон аз соати 22:00 -и 20 октябр то соати 24:00 -и  21 октябр интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино ва дар ноҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон қатъ  мешавад. Дар ин росто шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур  хоҳиш намудааст, ки  дар санаҳои зикргардида барои  як шабонарӯз оби нӯшокӣ захира намоянд. 

 

Сентябрь 25, 2015 04:27

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!