Э. Раҳмон: «5 конфронси байналмилалии бахшида ба татбиқи Даҳсолаи ҷаҳонии «Амалиёти об барои ҳаёт” дар Тоҷикистон доир гардид”
Душанбе, 27.09.2015. (АМИТ «Ховар»). –Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об» аз нақши Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ёдовар шуда, силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи босамари чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ номбар кард.
«Бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ – дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Дар ин росто, Сарвари давлат аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2014, ш. Душанбе) ёдовар шуд.
«Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва ба ифтихори Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон шудани соли 2013 ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд», — одовар шуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






