Э. Раҳмон: “Аз соли 2017 таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда шавад”
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хотиррасон кард, ки вақти ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ кайҳо расидааст.
“Баъзе муассисаҳои таълимӣ дар ин самт аллакай ба дастовардҳои муайян ноил шудаанд. Аммо ҷараёни татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар умум суст буда, дар ин самт ташаббускорӣ миёни мактабҳои олӣ кам ба мушоҳида мерасад”, — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Сарвари давлат ин тарзи таҳсил имкон медиҳад, ки бо нигоҳ доштани сифати таълим хароҷоти зиёдатӣ барои як донишҷў то 2-3 баробар кам карда шавад ва шахс аз истеҳсолот ҷудо нагардида, аз тариқи интернет соҳиби дониш ва ихтисоси зарурӣ гардад.
“Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки аз соли 2017 таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда, маводи зарурии таълим ва барномаҳои таълими электрониро омода намояд”, — дастур дод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






