Эмомалӣ Раҳмон: «Таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад»
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Чунин таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим».
Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст.
«Кишварҳои минтақа захираҳои обро чун унсури асосии рушди устувор эътироф намуда, тағйири даври гидрологиро бо эҳсоси нигаронӣ арзёбӣ менамоянд, зеро он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар илова намуд, ки Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии гази карбонат ҷои 135-умро ишғол менамояд. Партовҳои газ дар Тоҷикистон дар як сол андаке бештар аз як тоннаро ба сари одам ташкил дода, ҳиссаи партовҳои дахлдори кишвар дар миқёси минтақа ҳамагӣ тақрибан ба 3 фоиз баробар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, асосан гидроэнергетика, ба он мусоидат мекунад, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамзамон бо нишондиҳандаҳои пасттарини партовҳои зарарнок ба ҳаво сурат мегирад.
Асоси энергетикаи кишварро нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки тавассути онҳо тақрибан 98 фоизи нерӯи барқ тавлид меёбад, ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини тавозуни истеҳсолу истифодаи нерӯ аз тариқи таҷдиду тақвияти иқтидори нерӯгоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ, истифодаи нерӯи офтобу бод ва ҷорӣ сохтани усулҳои муассири сарфаи нерӯ чораҳои ҳамаҷониба меандешад. Ҳадафи ин тадбирҳо – дар айни замон – мусоидат ба таъмини амнияти обӣ ва энергетикиву озуқавории минтақа мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






