Факултети нав дар Донишкадаи омӯзгории Панҷакент

Сентябрь 7, 2015 03:54

Панҷакент. 07.09.2015 (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор). Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент факултети забонҳои хоричӣ таъсис ёфт.
 Ҳоло дар факулта омӯзиши 7 забон ба роҳ монда шудааст. Миқдори умумии донишҷӯёни факулта беш  аз 200 нафар буда, онҳо  барои пурра ва мукаммал омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз қабили русӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайра саъю кӯшиш доранд.      

 

Сентябрь 7, 2015 03:54

Хабарҳои дигари ин бахш