Фарҳанги либоспӯшӣ ва анъанаҳои поки ниёгон
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Икромиддин Вализода, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №65 Зулфия Алиева вохӯриҳо доир гардиданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда қайд карданд, ки дар давоми солҳои Истиқлолият бо вуҷуди мушкилиҳо, бо раҳнамоии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ оғоз ёфтанд.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёду кушодашавии марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими давраи Истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрӯзаву оянда қарор хоҳанд гирифт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу- равияҳо, фарҳанги либоспушӣ, арҷ гузоштан ба расму оин, ҳифз намудани анъанаҳои поки ниёгон мароқ зоҳир шуда, иштирокдорони вохӯрӣ аз ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, дӯст доштани ватан, ҳифз намудани муқаддасоти кишвари хеш фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






