Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе минбаъд дарсҳоро тариқи онлайн мегузарад
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода).-Барои беҳтар намудани сифати таълим дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе 4 лаборатория сохта шудааст, ки аз ин 2 лаборатория барои ба воситаи онлайн дарс додани устодоне, ки аз шаҳри Москва ташриф меоранд, омода шудааст. Сайъало Мирзоев-директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовдар шаҳри Душанбе дар робита ба ин мавзӯъ афзуд, ки таъсиси 2 лабораторияи онлайн маҳз бо пешниҳоди устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва сохта шуда, барои гузаронидани дарсҳо тариқи онлайн аз шаҳри Москва мусоидат хоҳанд кард. «Ҳадафи асосии мо аз он иборат аст, ки устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва барои гузаронидани дарсҳо ба донишҷӯёни мо маблағи зиёд сарф накарда, балки тариқи онлайн, имкон пайдо кунанд, ки баъзе фанҳои худ мисли ҷамъиятшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайраро гузаронанд ва ин барои захираи маблағҳои ҷудогардида баҳри рушди Донишгоҳ кӯмак мекунад»-гуфт директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов имрӯз 1 сентябр зимни таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи мазкур.
Барои дар сатҳи донишгоҳҳои Федератсияи Русия гузаштани дарсҳо, аз ҷумла ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе омӯзгорони зиёде аз Русия ташриф овардаанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик аз донишҷӯёни Федератсияи Русия фарқияте нахоҳанд дошт, афзуд Ковалёв Игор Евгеневич -котиби Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон. «Сифати таҳсили донишгоҳҳои олии Тоҷикистон на танҳо барои шаҳрвандони ин кишвар, балки барои шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ҷавобгӯ ҳаст»,-мегӯяд Ковалёв Игор Евгеневич .
Ба иттилои манбаъ, аз 162 нафар донишҷӯе, ки имсол филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бояд қабул мекард, 152 нафар қабул шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






