Гурӯҳи Хадамоти гумруки Русия ба Тоҷикистон меояд

Сентябрь 19, 2015 06:28

Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия барои мулоқоти корӣ  бо роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.  
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати Федератсияи Русияро директори Хадамоти федералии гумруки Русия Андрей Белянинов роҳбарӣ мекунад. Сафари меҳмонон рӯзҳои 22-24-уми моҳи сентябр сурат мегирад.

 

Сентябрь 19, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш