Гузоштани санги асос ба бинои Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи рӯзи 7 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои Раёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузошт.
Ин иншоот дар маркази шаҳри Душанбе дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд.
Фармоишгар — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки бино бо сифати хуб дар муҳлати 1 сол то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сохта шавад.
Маблағи пешакии сохтмон тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ 43 миллиону 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Раёсати консулгарӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо сангҳои ороишӣ сохта мешавад.
Дар ошёнаҳои раёсат утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳои раёсат, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда мешавад.
Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин мегардад.
Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд мешавад, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои мошинҳои коргарон, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир мегардад.
Дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, қабули муштариён бо 134 ҷой ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ бунёд мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






