Хатари нашъамандӣ дар ташаккули оила ва ҷомеаи солим

Сентябрь 4, 2015 04:17

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи CADAP- 6 семинари корӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Вазорати  корҳои дохила, Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита  оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва экспертони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Полша иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки нашъамандӣ барои ташаккули оила ва ҷомеаи солим хавфу хатари зиёд дорад ва дар он оилаҳое, ки яке аъзои он нашъаманд мебошад ҳатман омилҳои зӯроварӣ ва дигар падидаҳои манфӣ ҷой дорад. 
Дар ҷорабинии мазкур бо намояндагони вазорату идораҳо дар доираи барномаи CADAP- 6 нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ гардид.

 

Сентябрь 4, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд