Идомаи воридшавии номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2015 16:53

Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба ҷашни умумихалқӣ-24-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии як қатор кишварҳо ворид гашта истодаанд.

Аз ҷумла дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Олланд омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият ман ба Шумо ва ба халқи шумо сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Моҳи ноябри соли гузашта пурра баравордани полки ҳавоии Франсия аз Фурудгоҳи Душанбе доир гардид, ки аз соли 2001 барои дастгирии қӯшунҳои мо дар Авғонистон дар Тоҷикистон мустақар буд, барои ин амал ва дастгирӣ ман бори дигар миннатдории худро ба Шумо изҳор медорам.

Ширкатҳои форансавӣ ба кишвари Шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо форуми тиҷоратии моҳи апрел дар шаҳри Душанбе бо ҳайатҳои Фаронса баргузоршударо хуб қабул кардаанд.

Умедворам, ки ҳамкории иқтисодии мо, ки аллакай Фаронса бо сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои нафту газ ва тиҷорат саҳми назаррас гузоштааст, минбаъд ҳам таҳким ёфта, ба нафъи ҳарду кишварҳоямон вусъат меёбанд.

Ҷаноби Президент, изҳори самимии маро бо эҳтироми воло қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикии Президенти Украина Пётр Порошенко навишта шудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Мутмаинам, ки ҳамкории бисёрҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон, ки ба робитаҳои дӯстӣ ва манфиати дуҷониба асос ёфтаанд, минбаъд низ ба нафъи халқҳои кишварамон рушд мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, ба фаъолиятҳои давлатӣ муваффақиятҳои нав ва ба халқи тоҷик сулҳ ва бурдборӣ таманно дорам”.

Президенти Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг дар паёми шодбошии худ ба Сарвари давлати мо қайд мекунад:

«Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Давлат ва мардуми Ветнам, ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимти худро ирсол медорам.

Мо ҳамеша бо хушнудӣ муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистонро дар самти субот ва рушди кишвар қайд менамоем.

Амиқан мутмаинам, ки муносиботи анъанавии дӯстона ва ҳамкории бисёрҷониба дар асоси баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд миёни Ветнам ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба нафъи мардуми кишварҳоямон, ба хотири сулҳу шукуфоӣ дар минтақа ва ҷаҳон густариш ёфта, рушд мекунанд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, хушбахтӣ, ва муваффақиятҳои зиёд дар мақоми баландатон орзумандам”.

Дар паёми шодбошии Директори кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова қайд шудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати таҷлили Иди миллии кишваратон дар рӯзи 9 сентябр аз номи ЮНЕСКО ва шахсан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ирсол медорам.

Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ тавассути ЮНЕСКО нақши фаъол мебозад. Феълан, тадорукоти бомуваффақияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро дар ёд дорам, ки дар ш.Душанбе аз 9 то 11 июни соли 2015 баргузор гардида буд, ва мутмаинам, ки он ба тақвияти аҳамияти масоили обӣ дар рӯзномаи рушди байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Аз сафари хеш ба кишвари Шумо дар соли 2013 ва мушоҳидаи бевоситаи ҳамкории самараноки мо хеле хушнуд будам. Ман, бешубҳа, минбаъд низ дар ҷодаи рушду таҳкими ин муносибатҳои густурда кӯшиш ба харҷ хоҳам дод.

Бо таҷдиди изҳори шодбошӣ, хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.

Барқияҳои табирикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмона ҳамчунин ворид шуданд аз:

Шоҳи Белгия – Филипп,

Шоҳи Шветсия — Карл XVI Густав,

Муовини президенти Парлумони Аврупо — Ричард Чарнески,

Вакили Парлумони Аврупо, Раиси гурӯҳи Парлумони Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ивет Григуле,

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ — Петер Буриана,

Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ– Ияд Амин Мадани ва дигарҳо.

Ба муносибати ҷашни миллии кишвар-Рӯзи истиқлолият воридшавии номаҳои шодбошӣ ба Сарвари давлат идома доранд.

Сентябрь 10, 2015 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад