Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 7, 2015 04:17

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 — ро ба истифода дод.

Мактаби мазкур баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Корҳои навсозӣ 11 марти соли 2015-ум оғоз гардида, 17 августи соли 2015 ба анҷом расид ва барои сохтмону таҷҳизонидани мактаб 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Мактаби дуошёна барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 сифнхона, 2 толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, баъди пурра ба истифода додани мактаб беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Фармоишгар — Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе, Лоиҳакаш — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи САНИИОСП ва пудратчии асосӣ — Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Саимо мебошад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо шароити таълим аз наздик шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир намуд.

Дар рафти шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти синфхонаи назорати интерактивии ҷамъиятӣ, ки ҳамзамон ба низоми ягонаи идоракунӣ дар соҳаи маориф пайваст аст, шинос шуд.

Ин нуқтаи идоракунӣ, ки маркази махсуси иттилоотӣ мебошад, пурра бо системаи ягонаи идоракунии соҳаи маориф пайваст буда, ҷараёни дарс, рафтори толибилмон ва иртиботи пайвастаи волидайнро бо ин муассисаи таълимӣ  таъмин менамояд, ки мутобиқ ба низоми муосир бо охирин техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд. 

Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои типи нав афзоиш меёбад.  Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон огоҳ мегарданд.

Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Сентябрь 7, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд