Ифтитоҳи мактаби рақами 18 дар шаҳри Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод.
Сарвари давлатро дар саҳни ҳавлӣ хонандагон бо барномаи рангин истиқбол гирифтанд.
Ҳаҷми маблағи сарфшуда 9 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Бинои таълимӣ аз 5 бинои ду ошёна барои 800 нафар хонанда, аз ҷумла 26 синфхонаи таълимӣ, 70 ҳуҷраи ёрирасон, 3 кабинети лабараторӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толорӣ варзишӣ барои 180 ҷой нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Шаҳраки сохтмончиён» мебошад.
Бинои мактаб дар доираи амалӣ намудани барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар бунёд шудааст.
Дар маҷмуъ ҳамаи синфхонаҳо бо асбобҳои айёнии хониш таъмин мебошанд. Ҳангоми боздид аз мактаб дастаи ҳаваскорон ҳунари худро ба Сарвари давлат намоиш доданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои ин муассисаи таълимӣ бо кормандони соҳаи маориф ва дигар фаъолону сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд.
Сарвари давлат иброз дошт, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, беҳтар намудани таълиму тадрис дар мактабҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бунёди мактабҳои типпи нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири беҳдошти сатҳи донишомӯзии хонандагон ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинон ба роҳ монда шудааст ва тӯҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр мебошад.
Зимни маҳифили пурсишу посух омӯзгорон, хонандагон ва дигар сокинон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






