Ифтитоҳи ҳунаристони замонавӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 07.09.2015.(АМИТ «Ховар»). –Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Наврузгоҳи пойтахт” — и шаҳри Душанбе як ҳунаристони замонавиро ифтитоҳ намуд.
Дар ошёнаи дуюми наврӯзгоҳ маркази муосир таъсис ёфтааст, ки дар он коргоҳу корхонаҳои ҳунарҳои миллӣ ба ҳам омадаанд.
Фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст ва шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ дар ин марказ беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои дӯзандагии Суман, Ҳалима — 2015, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, рассомон, заргарон, кандакорон, тарроҳон, Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Марямбиби”- и шаҳри Қурғонтеппа, бунёди байналмилалии косибон бо номи Ҳафтпайкар ва дастовардҳои дигари ҳунармандони чирадаст шинос шуда, ба онҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти бою қадимаи халқи тоҷик дар хориҷи мамлакат дастуру ҳидоятҳо дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






