Интихоби мардум на ҲНИТ, балки низоми дунявии Тоҷикистон аст

Сентябрь 29, 2015 05:38

Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Таҷрибаи фаъолияти ҲНИТ дар солҳои охир ва маҷмӯи ҳодисаҳое, ки дар ин самт рух доданд, нишон медиҳад, ки идомаи фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар шароити давлати дунявӣ аз назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муаммо ва мушкилоти ҷиддиро пеш меорад. Мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи кишвар Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, тибқи моддаи 100-ум моҳияти дунявии давлатдорӣ тағйирнопазир мебошад. Ин аслҳои конститутсионӣ ба он маъноянд, ки моҳияти давлатдории Тоҷикистон ҳамеша дунявӣ боқӣ хоҳад монд ва ҳеҷ неруи сиёсие ҳуқуқи тағйири ин асли давлатдориро надорад. 
Аз тарафи дигар, моддаи 8-уми Конститутсияи ҶТ пешбинӣ мекунад, ки мафкураи ҳеҷ ҳизби сиёсӣ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ин модда низ пеш аз ҳама, ба он маъност, ки дар Тоҷикистон таъсиси давлати идеологӣ ва ё қабули идеологияи ҳокими давлатӣ ҳаргиз иҷозат дода намешавад. 
Агар ин меъёрҳои қатъии конститутсионӣ бо фаъолияти ҲНИТ муқоиса шаванд, маълум мегардад, ки дар ин масъала низ тазоди ҷиддии сиёсӣ вуҷуд дорад. Барои рӯшантар шудани мавзӯъ ба ду нукта таваҷҷуҳ кардан зарур аст: 
1.Ҳизби сиёсии дорои характери динӣ моҳиятан ҳизби идеологӣ буда, маҳз дар асоси идеологияи динӣ таъсис ёфта, дар асоси он фаъолият мекунад. Бинобар ин, он маҳз як идеологияро намояндагӣ карда, як қувваи комилан идеологӣ ба ҳисоб меравад. 
2.Ҳар ҳизби сиёсӣ маҳз бо мақсади ба даст оврадани ҳокимияти сиёсӣ ташкил шуда, ҳадафи асосии он расидан ба қудрати сиёсӣ мебошад. Агар ҳизбе чунин мақсад надошта бошад, он умуман, ҳизби сиёсӣ ҳисоб намешавад. ҲНИТ дар фаъолият ва муборизаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мақсади худро барои расидан ба қудрати сиёсӣ ошкоро изҳор менамояд. 
Агар ин ҳолат бо муқаррароти зикршудаи Конститутсия муқоиса шавад, метавон гуфт, ки фаъолият ва муборизаи сиёсии ҳизби сиёсии динӣ бо банди 1, 8 ва 100-уми Сарқонун амалан созгор буда наметавонад, зеро агар ин гуна ҳизби идеологии динӣ ба қудрати сиёсӣ расад, идома ёфтани ин аслҳои конститутсионӣ, яъне идомаи мавҷудияти давлати дунявӣ дар Тоҷикистон амалан номумкин мегарданд, зеро:
— чӣ гуна як ҳизби идеологии динӣ, ки маҳз дар асоси дин ва дар асоси ҷаҳонбинии динӣ ташаккул ёфтааст, метавонад низоми давлатии дунявиро пеш барад ва идора намояд. Ин ҳолат ба худи моҳият ва ҷаҳонбинии ин ҳизб мухолиф хоҳад буд; 
— чӣ гуна як ҳизби динии идеологӣ ба қудрати сиёсӣ расида, аз қабули идеологияи расмӣ даст мекашад, зеро ин ҳолат бар хилофи ҳадафҳо ва арзишҳо ва моҳияти ин ҳизб хоҳад буд. Тасаввури чунин ҳолат аз эҳтимол берун аст, ки ҳизби сиёсии динӣ ба қудрат расида, аз ҳамон лаҳзаи ба қудрат расиданаш эълон намояд, ки аз баҳри тамоми ҳадафҳои исломӣ, идеологияи динӣ ва фалсафаю моҳияти вуҷудии худаш мегузарад ва дар як рӯз ба як ҳизби ғайриидеологии дунявӣ табдил мешавад. Шояд чунин ваъда дода шавад, аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар амал ин кор номумкин аст. 
Бинобар ин, агар ба анҷоми мантиқии як муборизаи сиёсӣ нигоҳ карда, оқибати фаъолияти ҳизби динии идеологиро дар шароити давлати дунявӣ пешбинӣ намоем, бидуни шакк метавон гуфт, ки фаъолияти чунин ҳизб бо низоми давлати дунявӣ дар дарозмуддат бо ҳам ҷамъ шуда наметавонанд. Яъне, ба қудрат расидани яке метавонад ба маънои ба поён расидани дигаре бошад. 
Ҳамин тавр, имрӯз ин муаммо шакли ҷиддитар ва ошкортар гирифтааст: агар фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ боз ҳам идома ёбад, ҷомеаи мо хоҳ-нохоҳ рӯзе дар баробари чунин интихоби сарнавиштсоз қарор хоҳад гирифт, ки ҳокимияти ҳизби динии идеологиро интихоб кунад ё давлати дунявии демократиро. Аммо як чиз мушаххас аст, ки тамоми манфиатҳои миллию давлатии кишвар тақозо менамоянд, ки дар ин масъала интихоб бояд маҳз ба нафъи ҳифзи бе чуну чарои низоми дунявии давлатдорӣ бошад, зеро манфиатҳои воқеии оммаи шаҳрвандони Тоҷикистонро на ҳизби динӣ, на ҲНИТ, балки маҳз давлати дунявию демократии Тоҷикистон ҳимоя намуда метавонад. Пас, дар ин масъала барои ҳар фарди солимфикри ҷомеа интихоб маълум мебошад. Интихоботи парлумонии соли 2015 низ ин ҳақиқатро бори дигар нишон дод, ки интихоби қатъии мардуми Тоҷикистон на ҲНИТ, балки низоми давлатии дунявӣ ва демократии Тоҷикистон аст.
 
Б.Холиқзода,
сиёсатшинос

Сентябрь 29, 2015 05:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид