Ҳисор: 3000-солагии мулки зарнисор
Ҳисор, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Имрӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор маҷлиси васеи фаъолони ноҳия баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷаласа натиҷагирӣ аз ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор ва вазифаҳо дар оянда буд. Раиси ноҳия Усмон Раҳмонзода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, омода кардани кулли иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор сухан гуфт. Ӯ зикр кард, ки тамоми сокинони ноҳия, сохтмончиён бояд шабу рӯз меҳнат карда, ин ҷашни таърихиро сазовор истиқбол намоянд .
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷамъомад зикр кард, ки барои Ҳисор соли 2015 соли тиллоӣ аст, зеро ин мулки зарнисор дар 3000 солагиаш симои нав ба бар намуд, соҳиби чандин иншооти хуби замонавӣ гардид. Ин сарзамин дар оянда низ бояд боз бештар рушду тараққӣ кунад. Абдуҷаббор Раҳмонзода мардумро ба хештаншиносӣ, дӯст доштани ватану миллат ва ободкорию созандагиҳои нав ба нав ҳидоят намуд. Ӯ қайд кард, ки Ҷаноби Олӣ ба мардуми заҳматдӯсти Ҳисор эҳтироми зиёд дорад ва сокинони Ҳисор низ бояд сазовори бовари Сарвари давлат бошанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






