Изҳороти ҷавонони шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 07.09.2015. АМИТ «Ховар»). — Тамаддуни инсоният собит менамояд, ки дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише ҳастанд, ки иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо – тоҷикон тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳаллаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Боиси тазакур аст, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ Раҳбари давлати мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аъзоёни қувваҳои мухолифинро, ки ҷомеаро ноорому зери зулми худ қарор дода буданд, бахшид ва бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон миллати сулҳҷўй ва сулҳофаринанд. Гўё дар кишвари мо чизе нашуда бошад, ки аъзоёни ин гуруҳҳо аз баракати сулҳу салоҳ ва оштии миллии тоҷикистониён имконият ёфта, бо ибтикори Сарвари давлат ҳатто соҳибмансаб ҳам шуданд.
Мутаасифона, ҳанўз аз ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дере нагузашта, гуруҳҳои ифотгаро нақшаҳои ғаразноки хешро пинҳонӣ ва сўиистифода аз вазифа пиёда гардонида, ҷомеаи тинҷу оромиро моро халалдор сохтанд. Тавре шоир мефармояд:
Ҳар киро додам зи иззат ҷой дар болои чашм,
Оқибат монанди абрў, теғ бар рўям кашид.
Воқеан ҳам, бархе аз мурдуми мо курбину тангназар ва сияҳдилу сияҳкор аст, ки шарафу номуси ватандорӣ надоранд ва ҳамеша дар талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа мебошанд. Ва бародариву баробарии ҳама аъзоёни ҷомеаро ноором карда, хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рўзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватанро халалдор месозанд.
Мо, ҷавонони шаҳри Ваҳдат аз воқеаҳои санаи 4 ва 5 сентябри соли равон рухдода хеле мутаасир буда, ин амали ноҷавонмардонаи Назарзода Абдуҳалимро, ки боиси марги чандин ҷавонмардон, ятим гардидани кўдакони бесаробон, аз шавҳар маҳрум кардани занони тоҷик ва рехтани ашки модарон гардидааст, ҳаргиз нахоҳем бахшид.
Умед аст, ки ҷавонони тоҷик ҳамчун нерўи пешбарандаи илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрўзу ояндаи Тоҷикистон буда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ шомил намешаванд ва зиракии сиёсии хешро низ аз даст нахоҳанд дод.
Агар Тоҷикистон 24 сол қабл Истиқлолият ба даст оварда бошад, пас ин Ватан 24 соли худро барои мо ҷавонон бахшидааст. Ин Ватан ҳамқадами мо буда, дар тўли 24 соли соҳибистиқлолии хеш қадам ба қадам пеш рафта, дар сафи мамлакатҳои муттарақии ҷаҳон мақоми арзандаи хешро ишғол намудааст, ки тақдири ояндаи ин давлату миллат аз мо – ҷавонони бонангу баномус вобастгии бузург дорад.
Мо, ҷавонони шаҳри Ваҳдат изҳор менамоем, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи марзу буми ин Ватан ҷаҳду талош намоем ва нагузорем, ки нохалафе Тоҷикистони азизамонро ноором сохта, ашки чашми модарони тоҷикро бирезад. Зеро Тоҷикистон модари мост, модари ҷонпарвари мост.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






