Изҳороти кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ахири кишвар

Сентябрь 14, 2015 07:02

Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ҳодисаҳое, ки тайи чанд рўзи охир дар кишвар рух дода изҳори таассуф карда, тамоми амалҳои ҷинояткоронаи гурўҳҳои  тахрибкори ҷомеаро комилан маҳкум менамоянд.
Вазъи ҷаҳони муосир, ки дар он бештари ҷомеаҳо дар буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифторанд, аз ҳар фарди огоҳ ва масъулиятшинос, махсусан мақомоти кудратӣ тақозо менамояд, ки дар фаъолияти худ содиқ ба ватану миллат бошанд. Зеро тамоми мардуми кишвар амнияти худро бевосита ба онҳо супорида, бовар ба он доранд, ки ҷавонмардони ҷасур ва баномуси миллати мо масъули ҳимояи  манфиатҳои миллии кишварамон ҳастанд. Солҳои истиқлолияти давлатӣ нишон доданд, ки ин ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ тавонистанд бо ҷонбозиҳову фидокориҳо Ватанамонро аз ҳар гуна амалҳои нопоку вайронкор муҳофизат кунанд. Суботу оромии кишвар бевосита ба кўшишу дастгирӣ ва ҷоннисории мақомоти қудратӣ таъмин шуда, зиндагии оромонаи мардум дар оянда низ ба ҷасорату мардонагӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии онҳо бастагӣ дорад. 
Мутаассифона, неруҳое ҳастанд, ки муваффақияту дастовардҳои кишварамонро нодида гирифта, даст ба амалҳои нангин ва хиёнати рўйирост ба Ватан мезананд. Хилофи сиёсати созандагӣ ва бунёдкоронаи Ҳукумат амал кардани як гурўҳ ҳасудон, бадандешон, бадхоҳон ва бадкирдорон, ки бешак, душмани ҷонии истиқлол ва ҳувияти миллианд, солҳои охир дар бозии геополитикии минтақавӣ василаи истифода карор гирифтааст. Бар мабнои ин бозии сиёсӣ, хатти машши аксари расонаҳои хабарӣ ва гурўҳии мустақили дохилӣ ва хориҷиро фавҷ-фавҷ ахбори иттиҳомгуна ва таҳлилу гузоришоти муғризона ташкил дода, тавассути иттиҳомоту муғризот сиёсати давлати миллӣ мавриди таҳоҷуми иттилоотӣ ва ҳатто низомӣ қарор мегирад. Вале ин маънои онро надорад, ки Ватан, Миллат ва Халқи азизи қаламрави Тоҷикистон ба ин гуна ҳазёну иттиҳомоти хоинони ватанӣ бовар мекунад, баръакс, мардуми манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ таҳти ливои сиёсати башардўстонаи давлат ва Ҳукумат сарҷамъ шуда, барвақт парда аз чеҳраи ин гурӯҳҳои хиёнаткор, худхоҳ ва ҳувиятситез бардоштаанд.    
Хадафи аслии бозиҳои сиёсии минтақавӣ бо ҳар роҳу василаи дастрас халалдор ва муташанниҷ сохтани вазъ дар минтақа буда, коргардонони бозиҳои геосиёсӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ҳамеша аз неру ва қувваҳои камҷуръат, калаванда, риёкор, саҳлангор ва фурсатталаби дохилӣ истифода мекунанд. Ин аст, ки дар бозии навбатӣ дафъатан, аз шахсиятҳои хиёнаткор чун генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо корбаст шуд ва хушбахтона, нақша ва амалиёти низомии моҷароҷўёна бесамар анҷом ёфт.
Яқин аст, ки Халқ ва Ватан ҳаргиз ба чунин шахсиятҳои хиёнаткор ва моҷароҷў бовар намекунад ва ин гуна симоҳои ватанбезор ва миллатситезро дигар ба саҳнаи зиндагии миллӣ ва ватанӣ роҳ намедиҳад ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз номусу ҳувияти худ дастаҷамъона дифоъ мекунад.
Тамоми олимон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, ки ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва хоҳанд буд.
Мо боварии комил дорем, ки гуруҳҳои террористӣ ва ҷинояткор пояҳои Истиклолияти давлатӣ ва раванди амният ва сулҳу ваҳдати миллиро халалдор карда наметавонанд, зеро тамоми мардуми Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаи давлатро дастгирӣ менамоянд ва ба ҳар гуна зуҳуроту амалҳои зиддидавлатӣ ва зиддимилӣ бо муттаҳидию вафодорӣ ва аҳдоди олии Ватан ва миллат мубориза мебаранд. Олимон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷараён бо халқ ва Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо ва ҳаммаром мебошанд.

Раёсати Академияи илмҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст