Изҳороти Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, воқеаҳои манфуру хунини хоинонае, ки рӯзи 4-сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат, аз ҷониби баъзе афроди курнамаку ҷиноятпеша таҳти роҳандозии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳоҷи Халим» Назарзода Абдуҳалим, ки боиси марги шаҳрвандони бегуноҳ, хусусан кормандони сохторҳои қудратӣ гардид, қотеъона маҳкум карда, аз аъзои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассосу тақдирсоз ба хотири пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ягонагию якпорчагии халқу миллат ва Тоҷикистони азиз дар атрофи роҳбарияти сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара дида боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро пеш аз ҳама дар мадди назар қарор дода, ба бетарафию бепарвогӣ роҳ надиҳанд.
Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои умумидавлатӣ ва таъмини амнияти кишвар тамоми чораҳоро меандешад.
Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






