Изҳороти Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2015 11:03

    Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, воқеаҳои манфуру хунини хоинонае, ки  рӯзи 4-сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат, аз ҷониби баъзе афроди курнамаку ҷиноятпеша таҳти роҳандозии собиқ муовини вазири мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳоҷи Халим» Назарзода Абдуҳалим, ки боиси марги шаҳрвандони бегуноҳ, хусусан кормандони сохторҳои қудратӣ гардид, қотеъона маҳкум карда, аз аъзои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассосу тақдирсоз ба хотири пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ягонагию якпорчагии халқу миллат ва Тоҷикистони азиз дар атрофи роҳбарияти сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара дида  боз ҳам зичтар муттаҳид гардида,  зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро пеш аз ҳама дар мадди назар қарор дода, ба бетарафию бепарвогӣ роҳ надиҳанд.
    Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи манфиатҳои умумидавлатӣ ва таъмини амнияти кишвар тамоми чораҳоро меандешад. 

    Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон.

    

Сентябрь 7, 2015 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад