Конибодом: Маҳфили мубоҳисавӣ таҳти унвони «Ҷуфти муносиб»

Сентябрь 3, 2015 03:47

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Соли оила дар шаҳри Конибодом маҳфили мубоҳисавӣ таҳти унвони «Ҷуфти муносиб» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ 10 ҷуфти навхонадорон ва беш аз 250 нафар сокинон иштирок карданд. Аз тарафи тарбиятгирандагони боғчаҳо, занҳои фаъол ва кормандони марказҳои саломативу омӯзгорон саҳначаҳои тарбиявӣ оид ба ҳаёти оилавӣ намоиш дода шуда, барои навхонадорон машваратҳои муфид дода шуд.
Баргузории чунин маҳфилҳо дар ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳо давом дорад.

Сентябрь 3, 2015 03:47

Хабарҳои дигари ин бахш