Маҳви 26 ифротгарои «Давлати исломӣ» дар Сурия

Сентябрь 21, 2015 02:50

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии неруҳои ҳарбии Сурия 26 ифротгарои гурӯҳи «Давлати исломӣ» маҳв карда шуд. Дар ин бора расонаҳои хабарии Сурия иттилоъ медиҳанд. 
Ҳавопаймоҳои зарбазан чанд махфигоҳи террористонро ба хок яксон кардаанд. 
Ёдовар мешавем, ки 5 сол боз вазъ дар Сурия мураккаб буда, тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид дар ин муддат беш аз 220 ҳазор сокини осоишта ба ҳалокат расидаанд. 

Сентябрь 21, 2015 02:50

Хабарҳои дигари ин бахш