Машқҳои муштараки Нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Арманистон

Сентябрь 25, 2015 05:08

Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар»). —  Аз  30  сентябр  то 4  октябри  соли равон  дар  машқгоҳи  «Баграмян» — и Ҷумҳурии  Арманистон машқҳои  муштараки Нерӯҳои  посдори  сулҳи  СААД   таҳти  унвони «Бародарии  безавол — 2015»   баргузор  мешавад. Мавзӯи  машқҳо  «Омодагӣ  ва  роҳандозии амалиёт барои ҳифзи  сулҳу  субот дар  минтақаи  амнияти  дастаҷамъӣ аз  ҷониби қувваҳои  дастаҷамъии  посдорони  сулҳи  СААД» мебошад. 
Тавре  ки  аз дафтари  матбуоти  СААД хабар  доданд, дар  машқҳо  намояндагон  ва  воҳидҳои қувваҳои  мусаллаҳ, пулис (милиса) — и Ҷумҳурии  Арманистон,  Ҷумҳурии  Беларус,  Ҷумҳурии  Қазоқистон.  Ҷумҳурии  Кирғизистон,  Федератсияи  Русия  ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки ба ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии  посдори сулҳи Созмони  Аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ шомиланд, намояндагони Кумитаи  байналмилалии  Салиби  Сурх,  Ситоди  муттаҳида  ва  Котиботи  СААД иштирок  менамоянд. 
Мақсади  асосии  машқҳои «Бародарии  безавол — 2015» таҳкиму  густариши ҳамфикрию  ҳамкории  байни  қувваҳои  посдори  сулҳи давлатҳои  узви  СААД  мебошад.
Моҳи  августи  соли 2014  дар қаламрави Ҷумҳурии  Қирғизистон  чунин  машқҳо  рӯи  кор оварда шда буданд.

 

Сентябрь 25, 2015 05:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст