Медали Ҷаҳон Қурбонов аз мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё
Душанбе, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов мусобиқаи бокси Осиё дар байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд — шаҳри Бангкок -рӯзи 5 сентябр ба охир расид, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.
Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо ба вазни 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз рақиби қазоқистонияш Василий Левит шикаст хӯрда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо гирифтани панҷ медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Узбакистон бо бадаст овардани ду медали тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мақоми сеюмро мизбонон — муштзанҳои Тайланд — бо гирифтани ду медали тилло соҳиб гардиданд.
Ёдрас мешавем, варзишгарони дар ин мусобиқа ҷойҳои аз якум то ҳафтумро ишғол намуда, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф шуданд. Вале муштзанҳое, ки дар вазни беш аз 91кг ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар пойтахти Қатар — Доҳа -барпо мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






