Модар яктост, Тоҷикистон яктост
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Тоҷикистон …. Вақте ин вожаи зебо, ин вожаи муқаддасро ба забон меорем, табъҳо равшан ва чашмҳо муннаввар мешаванд.
Тоҷикистон …., чӣ вожаест дилангез! Дар ин вожа тароватест, ки аз домани кӯҳҳои барфпӯши сарбафалак, рӯдҳои мусаффову чашмаҳои зулол ба мо мевазад ва ба тану рӯҳамон тавон мебахшад.
То – ҷи – кис – тон … Бишнавед, дар ин вожа булбул чаҳ-чаҳ мезанад. Дар ин вожа таровиши хуршед, шукуфоии гулҳо, сафои чашмаҳо, навои мурғон, ҳама он шукӯҳу тароват, файзу фараҳе, ки воқеан ин кишвар дар худ таҷассум кардааст, садои навоангез доранд.
Вақте мо Тоҷикистон мегӯем, тамоми суннатҳои неки як миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун, тамоми ҳунару ҳикмату санъати безаволу мафтункунандааш пеши назар меояд.Тоҷикистон, Тоҷикистон – навои дил дорад ин вожа, навои ҷон. Тоҷикистон, Тоҷикистон –суруди модар дорад ин вожаву ниёиши пирон…
Имрӯз вожаи Ватан, вожаи Тоҷикистон барои мо арзиши ҳазорон бор бештарро дорост. Муқаддастарин вожа баъд аз Худо агар Ватан аст, қиматтарин дастоварди инсонӣ барои ҳар миллат озодиву истиқлолият аст. Оре, мо Ватан дорем ва Ватани мо соҳибистиқлол аст. Чи бахте метавонад волотар аз ин бошад.?! Озодӣ, Истиқлолият – армони ҳазоронсолаи ин халқи ҷафодида, борҳову борҳо ғоратшуда, тамоми ганҷҳои худро аздастдода мебошад.
Барои миллате чунин чун тоҷикон, ки имрӯз соҳиби истиқлолият, соҳиби хоку оби худ, соҳиби шараф ва нангу номуси худ, ҳувияти худ гардидааст, чӣ қиматтар, чӣ муҳимтар аз шукргузорӣ, аз расидан ба арзиши ин дастовардҳо буда метавонад?!
Имрӯз ҳатто хаёли он ки мо зиёне ба ин дастоварди таърихӣ, ба ин пирӯзии миллатамон – истиқлолияти давлатӣ бирасонем, рахнае дар ваҳдати он ба вуҷуд оварем, ба ҷуз хиёнати нангину гуноҳи сангин аз ҷониби фарзандони ӯ нест.
Таърих борҳову борҳо ба мо сабақ додааст, ки ҳамеша бадбахтиву нокомиҳои таърихии мо: аз даст рафтани қисмати бузурги хоки муқаддасамон, ба тороҷ рафтани ганҷури хазинаҳои гузаштагонамон, ҳазорон – ҳазор қурбониҳои халқамон, манораҳои сари буридаи сарбозонамон, ин ҳама натиҷаи нотифоқиву парешонии миллати мо будааст.
Бори охир баъди ба даст омадани Истиқлолиятамон Худованд, таърих бори дигар ба мо сабак доданд, ки эй мардум, эй тоҷикон, ин парешонӣ, ин нотифоқӣ, ин душманӣ ба ҳамдигар роҳест шуморо ба сӯи фано ва нестӣ. Танҳо ягонагӣ, танҳо Ваҳдат, танҳо аз як гиребон сар баровардан миллати моро аз вартаи фалокат наҷот медиҳад. Ҳамин сабақ, ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ, аниқтараш ҳамин шармандагӣ, ки кишвари моро ба чандин сол ба қафо андохт, кифоят нест оё?
Чаро мо бо ҳамдигар низоъ мекунем? Чаро дасти ҳамдигарро намегирем? Чаро ба ҳамдигар роҳ намедиҳем? Агар Тоҷикистон модар асту мо фарзандони ин модар, пас биёед қарзу фарзи бародаронамонро фаромӯш накунем. Агар мо тифоқ бошем, агар Тоҷикистони биҳиштбунёдро ба биҳишти воқеӣ табдил диҳем, ҳеҷ ҳоҷати гаравиш ба ину он нахоҳад монд. Каси дигар ҳаргиз омада хонаи моро бароямон обод намекунад. Фақат мо худамон кафолати ободии худ буда метавонем.
Агар шумо боз ҳам гӯед: чаро ин ҷо обод нест, чаро дар ин ҷо ин камбудиҳо ҷой доранд, чаро ин роҳ, ин иморат вайрон аст. Чаро ин фасод, ин фиреб, ин найранг ба ҷомеаи мо роҳ ёфтааст ва худ чорае наандешед, интизор шавед, ки касе меояду онро ислоҳ мекунад, ҳаргиз зиндагӣ обод нахоҳад шуд. Танҳо шумо, худи шумо, худи мо, ҳар якамон шахсан нагӯем, ки не, бояд аз ман сар шавад ва намуна нагардем. корро оғоз накунем, ҳаргиз ободӣ, сатҳи баланди зиндагӣ худ аз худ фароҳам нахоҳад омад.
Гароиши ҷавонҳо ба ҳаракатҳои номатлуб, иртиҷоӣ, террористӣ танҳо падидаи хоси Тоҷикистон нест. Мубориза дар дохили кишвар барои мансабу курсиву бойгариву давлат низ дар ҳамаҷо ҳаст. Ташкилотҳои бадниҳоди аҷнабие, ки касбу корашон шӯр андохтан , ба ҷанг кашидан ва куштору харобкорист, низ ҳамеша ҳастанду кор мебаранд ва мақсадашон нест кардани баъзе миллатҳо, кам кардани аҳолии рӯи замин, соҳиб шудани дунёст. Аммо чӣ бояд кард? Чи гуна метавон дар ин муҳити ҷангзадаву одамкуш зист? Оре ! Танҳо миллате зинда мемонад, ки пойдор аст. Миллати тифоқ, миллати оқил, миллати бофарҳанг, бомаърифат, донишманд, ҳунарпеша ва навовар. Асоси ин ҳама ягонагӣ ва ваҳдати миллист.
Ин аст, ки Сарвари кишвари мо ҳамеша такрор ба такрор мегӯяд: Шукр кунед, ба қадри ин обу ин хок бирасед. Мактаб маориф, тарбият, таълим, суханҳои вирди забони ӯянд. Аҳмияте, ки ба нақши мактаб, нақши оила дар Тоҷикистон дода мешавад, беҳуда нест. Сарвари кишвари мо бунёди ояндаи неки миллиро дар оила ва мактаб мебинад, зеро таҳкурсӣ дар ин ҷой гузошта мешавад.
Мо адибони тоҷик, зиёиёни кишвар хурдтарин амалеро, ки таҳдид ба Истиқлолияту ба Ватани мо дорад, қотеъона маҳкум мекунем. Аммо танҳо бо маҳкум кардан намешавад. Мо бояд имрӯз рӯйи рост савол гузорем ва ба саволҳои худ ҷавоб гӯем.
Чаро ҷавонони мо ба ҳаракатҳои терористӣ гаравиданд?! Кӣ, чаро онҳоро раҳгум занонд ва чаро онҳо ба ин гирифтор шудаанд?
Чаро мардуми мо маҳаки дини Исломро, ки некӣ, покӣ ва хирад аст, вогузошта , ба таассуби динӣ гаравиданд?
Чаро баъд аз 24 соли Истиқлолият, бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳо, бо вуҷуди тинҷиву осоиштагиву ободиҳо аз байни мо касоне пайдо шуданд, ки силоҳ ба даст гирифта, зидди ҳукумат баромаданд?
Ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони моро ҷойи андеша ва пажӯҳиш аст, ки сабабҳои асосии ин зуҳуротро муайн созанд. Табибон пеш аз он ки иллатеро дар ҷисми инсон муолиҷа мекунанд, аввал ташхиси ҳамаҷониба гузаронида, сабаби сар задани он иллатро муайян мекунанд. Зеро то сабабҳои асосии гирифторӣ ба беморӣ муайян нагардад, шифои он бемор душвор ва номумкин аст. Мо аминем, ки Тоҷикистони навбунёди мо, Сарвари ватандӯсти кишвари мо намегузорад, ки Истиқлолият ва Ваҳдати ба ҷон баробари мо осеб бинанд.
Хулласи гап ин аст, ки бояд, ба қадри давлатамон, Истиқлолиятамон, ба қадри миллатамон бирасем. Имрӯз ва фардои мову фарзандон, хушбахтии миллату кишварамон ба ҳамин дарк, дарки ватандорӣ ва масъулияти баланди он вобастагӣ дорад.
ДАР ҲИФЗИ ВАТАН, ҲИМОЯИ ИСТИҚЛОЛ
Аз домани нангат, эй Ватан, бархезем,
Бо резаи сангат, эй Ватан, ҳамрезем.
Армони ҳазорсолаатро дар дил
Монанди нишони фахр меовезем.
Дар роҳи дифои модару меҳани худ
Гар ҷон надиҳем,мо ҳама ночизем.
Дар ҳифзи Ватан, ҳимояи Истиқлол
Мо аз сари ҷону ор бармехезем.
Бо душмани ту шеру палангем ҳама,
Бар дӯши адӯ тухми аҷал мерезем.
Дар пояи парчами баландат ҳастем,
Бо кинаву кинавар намеомезем.
Дар рӯзи каму ғамат, Ватан, бо ту якем,
Дар элаки ҷон ғами туро мебезем.
То сабз шавад домани поки ту, Ватан,
Бо чашмаву рӯдҳот меомезем.
Дини ману исломи яқинам Ватан аст,
Аз номи Худои худ намепарҳезем
Эй миллати бихради ман, эй меҳани ман.
Аз ҷабҳаи нангу ори ту нагрезем.
13.09.2015.
Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон