Муаррифии имконоти иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар Олмон

Сентябрь 4, 2015 04:39

     Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар радифи беш аз 50 сафоратхона ва 60 созмони ғайридавлатӣ дар чорабинии анъанавии рӯзи дарҳои кушоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, гӯшаи иттилоотию маърифатӣ созмон дода, имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии кишварро ба маърази тамошо гузошт.Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон шарики боэътимоди кишвари мо дар пиёдасозии cиёсати рушди Олмон дар Тоҷикистон аст. Аз намоишгоҳи Тоҷикистон котибони давлатии парлумонии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳаннс Фухтел ва Томас Зилберҳорн боздид ба амал оварданд. Дар ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Таъмини босуботи маводҳои бофандагӣ» доир шуд, намояндагони кишварҳои гуногун иқтидори истеҳсолии худро муаррифӣ намуда, ҳавасмандиашонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Олмон изҳор доштанд. Сафорати  Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бо истифода аз захираҳои дохилӣ ба иштирокчиён ва меҳмонон маводҳои таблиғотӣ, сабтҳои аудиовизуалиро пешниҳод намуд. Инчунин ҳунари сарояндагии овозхони тоҷик Фахридини Малик ва муаррифии фарҳанги  таомҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби ҳозирин бо самимият пазируфта шуд.
      Мавриди зикр аст, ки Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шудааст, ки 7 фоизи буҷаи худро барои ҳамкориҳо бо мақсади рушд равона намояд. Дар буҷаи давлатии  ин кишвар, ки чанде қабл Ҳукумати Олмон онро қабул намуд, барои ҳамкориҳои минбаъда дар бахши рушд бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ 7,5 миллиард евро пешбинӣ гардидааст.  
Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон барои тавсеаи ҳамкориҳо, бахусус таъмини босуботи Олмон бо интиқоли матоъ ва либосворӣ ҳанӯз моҳи июни соли гузашта консепсияи нави «Сиёсати нав нисбат ба Осиё» -ро муаррифӣ намуда буд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Олмон аз соли 2003 инҷониб дар самти сиёсати рушд ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Олмон дар ин муддат дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 254 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ расонидааст. 

 

Сентябрь 4, 2015 04:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!