Мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг

Сентябрь 4, 2015 04:09

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар Вазорати фарҳанги кишвар бахшида ба 24- умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамон маросими сарфарозгардонии кормандони соҳаи фарҳанг ба мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
 Аз ҷумла, Шӯҳратшо Раҳматуллоев – ҳунарманди Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, Бибигул Шарифова — Муовини директор оид ба корҳои эҷодии Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва Салоҳиддин Аловуддинов – муаллими калони кафедраи графикаи дастгоҳии Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон» ба медали хизмати шоиста ва Муҳаммаднақош Шарипов — омӯзгори Коллеҷи рассомии Ҷумҳуриявии ба номи М. Олимов, ба Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

 

Сентябрь 4, 2015 04:09

Хабарҳои дигари ин бахш