Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Шоми 27 сентябри соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд.
Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.
«Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор аст, зеро таҳкими иртиботот бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост», -гуфт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чи дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чи дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҳамкории муассир дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гӯрӯҳи ширкатҳои кишоварзии ҳолландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда, изҳори умед кард, ки «ин сафари ширкатҳои кишоварзии Шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад дод.»
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






