Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо намояндагони АИК Чин
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии мардумии Чин сардори шуъбаи иқтисодӣ- кишоварзӣ Кун Синпин, Ли Фугуан- сардори донишгоҳи пахтаи назди Академияи илмҳои кишоварзии Хитойро ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки имрӯз мо бо вилояти Хинан дар ҷодаи кишоварзӣ ва саноати сабук ҳамкорӣ дорем, аллакай нишонаҳои неки ин ҳамкорӣ ба назар мерасад. Дар айни замон кишоварзони Чинӣ дар ноҳияи Ёвон машғули кор мебошанд.
Ба таъкиди раиси вилоят, дар сурати ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба кор даровардани корхонаи нуриҳои минералии Вахш истеҳсоли нуриҳои менералӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳам барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, ғалла ва дигар зироатҳо кумак мекунад.
Мутахассисони чинӣ барои боз ҳам вусъат додани ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик изҳори омодагӣ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






