Мулоқоти Сарвари давлат бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей”
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ бошад, масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия бо ин ширкати пешрафтаи чинӣ баррасӣ шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Хуавей бузургтарин ширкати чинӣ дар ин соҳа буда, зиёда аз 100 намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ дорад. Бо Тоҷикистон ҳамкории ин ширкат аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Ғайр аз ин ширкати Хуавей дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.
Роҳбарияти ширкати Хуавей иттилоъ доданд, ки омодаанд дар Чин даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷикро барои омӯзиш фаро гиранд.
Зимни суҳбат инчунин паҳлуҳои гуногуни идома ва густариш додани ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ муҳокима гардид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






