Мулоқоти вакилон бо сокинони ҷамоати Карим Исмоилов
Ваҳдат, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).-Дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов, Абдураҳим Холиқзода ва раиси ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Раҷабалӣ Ҷалилов бо сокинони ҷамоати мазкур доир гардид.
Мақсади вохӯрӣ- назорати фаъолияти ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ буд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ сиёсати пешгирифтаи давлатро дастгирӣ намуда, аз дастовардҳои Истиқлолият ёдовар гаштанд.
— Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои ҳудуди шаҳри Ваҳдат идома дорад, -гуфт раиси ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов Руқия Раҳматзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






