Муроҷиатномаи бонувони Хатлонзамин ба модарон ва хоҳарони азизу арҷманди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2015 10:32

Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Хоҳарон, бонувон, модарони ба ҷон баробар, шукри Худованд, шукри сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзона ва пешвои миллат, ки мо дар тӯли 24 соли соҳибистиқлолии ватан дар фазои озоду осуда, дар сарзамини сарсабзу хуррам, ки ҳамсони биҳишт аст, зиндагонӣ дорем. Таҳти сиёсати Президенти кишвар ва дастгирии халқи азизу муътабарамон халқу ватан аз гирдбоди фано наҷот ёфт. Зиёда аз 150 мамлакати олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати рӯ ба рушд эътироф намуда, ҳамкории судманд дар ҳамаи ҷодаҳо ба амал омада, таваҷҷуҳи ҷаҳониён рӯз аз рӯз дар ҳолати афзоиш аст.
Ваҳдати комил, рушди иқтисодиёту фарҳанг, муваффақиятҳои беназир моро вазифадор менамояд, ки дар арсаи заҳмат бо ғайрати дучанд камари ҳиммат баста, барои устувории сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии ҷумҳурии азизамон хизмат намоем.
Дар ҳақиқат дастовардҳои дар ҳамаи самтҳо чашмрас хеле зиёданд. Чунон, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон пайваста таъкид менамояд: «Ватанро дар арсаи байналмилалӣ танҳо мутахассисони варзида, фарзандони бонангу номус муаррифӣ менамоянд».
 Дар тӯли солҳои истиқлолият Ватану миллатро дар саросари даҳр Ҷаноби Олӣ бо ташаббусҳои  созандаю хиради волояш барои амалӣ намудани  орзуву ормонҳои миллӣ баҳри сиёсатмадорону ҷаҳоншиносон ва оқилону хирадмандони олам муаррифӣ намуд. Пешниҳодҳои сиёсатмадори варзида Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки решаҳои таърихӣ доштаву исботи раднопазир доранд, ҳамеша дастгирӣ ёфта, амалӣ мегарданд.
Вале ин ҳама музаффарияту муваффақиятҳо, пешрафту комёбиҳо, ҷилваи сулҳу ваҳдат ба чашми нотавонбинону, кӯрдилон чун хор мехалад. Модарони Хатлонзамин амали террористиеро, ки 4-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо иштироки собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ва ҷонибдоронаш ба амал омад, маҳкум мекунанд. Чунин амалҳои тахрибкорона шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд сулҳу субот, осоиштагӣ ва амнияти саодату шукуфоӣ ва пешрафти Ватану миллатро, ки бо он бастагӣ дорад, халалдор созанд. Ин гурӯҳҳои террористӣ рушду пешрафти Ватани азизамонро нодида гирифта, барои амалӣ гардидани мақсадҳои нопоки худ бо ҳар роҳу васила талош менамоянд, ки муваффақ гарданд.
Вале аз он бехабаранд, ки имрӯз ҳар як фарди боақлу заковат, хирадпешаву сулҳдӯст, бедордилу худогоҳ дигар фирефтаи амалҳои сӯзандаи онҳо намегардад, сулҳу ваҳдат, осоишу шукуфоӣ меҳри Ватан дар қалби халқ ончунон решаи устувор дорад, ки ягон тешаи алмосдам низ онро бурида наметавонад.
Аҳли заҳмати Хатлон, бахусус, модарону хоҳарони ин сарзамини бостонӣ ва кулли модарони азизи Ватан ҳеҷ гоҳ сулҳу Ваҳдатро аз даст додан намехоҳанд. Мо, модарон ва кулли мардуми Хатлон аз  мардуми Тоҷикистони азиз даъват менамоем, ки фарзандон, бародарони худро пайваста дар ҷодаи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ба сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ тарбия намоянд. Чунон, ки ҳамагон огоҳанд, охири август ва сентябри соли равон сафари кории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир гашт ва садои меҳру муҳаббати инсонҳо: «Мо бо шумоем, Ҷаноби Олӣ», «Мо Шуморо дӯст медорем», «Қаҳрамони сулҳу Ваҳдат, Пешвои мо хуш омадӣ» ба гӯши фалак мерасид. Мо модарон ба он андешаем, ки нидоҳои муҳаббатзои халқ аз самими қалб садо доданд. Ӯ Пешвое аст, ки барои миллату Ватанаш ҷонбозиҳо ва Ватанро ободу миллатро сарҷамъ кардааст.
Бигзор садои қалби ҳамватанон барои пойдории сулҳу Ваҳдат ҷовидона бошад.
 Аз номи кулли бонувони Хатлонзамин ҷамъ:  800  имзо

 

Сентябрь 16, 2015 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад