Муроҷиатномаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2015 10:09

Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
Мо — кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну хонандагон чун тамоми мардуми шарафманд ва равшанфикри кишвар ҳодисаҳои рӯзҳои 4-5 сентябри соли равонро, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат аз ҷониби як гурӯҳ шаҳрвандони нохалафи мамлакат ва ҷинояткорони низомимаъоб бо роҳбарии генерали хиёнаткор — Абдуҳалим Назарзода сурат гирифта, боиси марги мардони бегуноҳ гардиданд, маҳкум менамоем.
Дар арафаи ҷашни фархундаи миллат — Истиқлолияти давлатӣ даст задан ба чунин як ҷинояти вазнин ва хиёнати гӯшношунид нишонаи он аст, ки барои Абдуҳалим Назарзода, ки худро «ҳоҷӣ» мепиндорад ва барои ҳаммаслакони ӯ, ки худро пайравони дини мубини ислом медонанд, Ватани маҳбуб на чун гӯшае аз имон, балки сухани пучу холиест. Ин гуна афрод ҳозиранд, ки бар ивази чанд пайсаи хоҷагони худ на танҳо Ватан, балки падару модар, фарзандон ва марзу буми сарзамини ниёгонро бифурӯшанд, зеро барои ашхосе чун Абдуҳалим Назарзода ва ҳамсафони ӯ ягон чизи муқаддас ба ҷуз пулу мол вуҷуд надорад.
Мо — кормандони соҳаи маориф ва илм, омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну хонандагони кишвар чунин меҳисобем, ки бо таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти миллату давлат ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки мардум ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода бошанд, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд, Ватанро дӯст дошта, аз он ифтихор кунанд, барои ҳимояи он омода буда, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ бирасанд. 
Ин ҳидоятҳо дар ҷисму ҷони ҷавонон ва ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпарвари Тоҷикистон ҷой доранд ва онҳо ҳамеша омодаанд, ки барои ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин ҷоннисорӣ кунанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои хиёнаткоронаи Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ барои ноором сохтани вазъи кишвар ва суст сохтани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ватани азизи мо ҳеч гоҳ муваффақ нахоҳанд буд.
Ватани маҳбуби мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ 24-умин солгарди хешро таҷлил намуд. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ дар натиҷаи ҷоннисорӣ ва фидокории мардуми шарифи кишвар, пеш аз ҳама, заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар мо ба дастовардҳои хеле чашмрас  ноил гардидем. Аз ҳама муҳим, тавассути сиёсати оқилона ва пайгиронаи Сарвари давлат дар ин муддат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад, ки ба чашми душманону хиёнаткорон чун хор мехалад. Аз ин рӯ, мо намегузорем, ки бархе аз шаҳрвандони нохалафи ин сарзамин чун Абдуҳалим Назарзода ва ҳамсафони ҷиноятпешаи ӯ ба шаъну шарафи Ватани соҳибистиқлоламон доғ биоранд.
Барои мо кормандони соҳаи маориф ва илм боиси ифтихормандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф — соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, барои рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳа ва таълиму тарбияи шаҳрвандони бомаърифат, ватандӯсту инсонпарвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бар ивази ин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, кормандони соҳаи маориф худро вазифадор мешуморем, ки шогирдони донову оқил, ватанпарасту тавоноро ба камол расонем, то сазовори даврони мо, ҷойгузин ва давомдиҳандаи кору номи неки аҷдодони худ бошанд. Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки дастпарварони мо бегонапарастӣ ва хиёнати ноҷавонмардонро бо ҷиддият маҳкум намуда, омодаанд бар зидди ошӯбҳои онҳо ҳама сар аз як гиребон бароранд.
Mo — кормандони соҳаи маориф ва илм, омӯзгорону устодон ва донишҷӯёну хонандагони кишвар изҳор менамоем, ки таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдории мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта,  ҳамзамон муқаддасоти миллиро қабул намуда, роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ягона ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаем. Аз ин роҳи пешгирифта моро ягон хиёнатпеша наметавонад бозгардонад. 
Мо, мардуми бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра, ҳама гуна амалҳои хиёнаткоронаи шаҳрвандони нохалафро маҳкум месозем ва сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва Сарвари хирадманди онро ҳамеша самимона дастгирӣ менамоем. Ҳамаи мо имрӯз аз ҳарвақта бештар барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа саъю талош хоҳем кард. Мо аминем, ки барои расидан ба ин ҳадаф бо меҳнати софдилона, садоқат ба Ватан, миллат ва роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон муваффақ хоҳем шуд!

 

Сентябрь 14, 2015 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд