Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ҳамватанони азизу меҳрубон!
Ҳодисаҳои номатлуби рӯзҳои 4-5 сентябри соли равон, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат аз ҷониби як гурӯҳи хиёнаткору ҷиноятпешаи низомӣ, ки бо роҳбарии генерали хоин Абдуҳалим Назарзода сурат гирифта, дар паяш талафоти ҷонӣ ва харобкорӣ ба амал омад, тамоми мардуми кишварамонро ба ташвиш овард.
Боиси таассуф аст, ки чунин нобасомониҳо дар давоми рӯзҳое анҷом гирифтанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар пойтахти зебоямон Душанбешаҳр ба ифтихори ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабиниҳо ва ташаббусу тантанаҳои ҷолибу шавқовар барпо гардида, кулли мардум, хусусан насли ҷавони мамлакат аз оромию субот, ваҳдату якпорчагии марзу бум ва иттиҳоди халалнопазир ифтихору сарбаландӣ карда, шукргузорӣ аз созандагӣ ва шукуфоии кишвар менамоянд.
Дар ҳоле ки мо имрӯз дар як ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба сар мебарем, ҳар кас фикру назари худро озодона баён медорад ва эъмори давлатеро ҳадафи худ қарор додаем, ки асоси онро риоя ва мурооти қонун ташкил медиҳад, доман задани чунин воқеаҳои номуносиб барои мардуми мутамаддини мо қобили қабул нест. Тоҷикон аз азал халқу миллати созанда буданд, на сӯзанда.
Дар ҳамин замина дар тӯли солҳои истиқлолият бо талошҳои мақомоти олии мамлакат Тоҷикистони азизи мо симои худро ба маротиб дигар кард. Солона бо маблағҳои ихтисосдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар қаламрави кишвар садҳо иншооти нав сохта, мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд. Даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд карда мешаванд.
Бинобар ин таассуфовар ва боиси нигаронӣ аст, ки бархе мансабдорони низомӣ ва думравони он фирефтаи сухану ваъдаҳои бебунёди душманони миллати тоҷик ва иддае аз доираҳои ғаразҷӯ шуда, даст ба ҷинояткорӣ мезананд ва бо ин васила мехоҳанд, ки ба кору зиндагии осоиштаи мардум халал ворид намоянд.
Лекин бо эътимоду боварӣ мо изҳор медорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи раҳбарияти олии кишвар, пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гашта, намегузоранд, ки осоишу оромии ҷомеаро касе халалдор созад. Мусаллам аст, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти интизомӣ дар муҳлати кӯтоҳ ҷинояткоронро боздошт ва ба муҷозот кашида, суботи саросариро таъмин менамоянд.
Ба ҳамдиёрони азиз-мардуми сарбаланди Тоҷикистон муроҷиат менамоем, ки фирефтаи дасисаи бадхоҳони халқу миллат нашуда, ваҳдату якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва бо шукрона аз суботу оромии кишвар сарзаминамонро боз ҳам ободу шукуфо гардонем.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қабул шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






