Мушкили амниятии фаъолияти ҲНИТ дар чист?

Сентябрь 29, 2015 05:45

Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳизби сиёсии исломӣ дар шароити давлати миллӣ метавонад мушкилоти ҷиддии амниятӣ ба вуҷуд оварад. Моҳияти ин масъала дар он аст, ки дар замони муосир давлатҳо ҳамчун давлатҳои миллии дунявӣ ташкил ёфта, дар муносибатҳои байналмилалӣ маҳз ҳамчун воҳиди мустақили сиёсӣ ва давлати миллӣ иштирок менамоянд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ  ва таърихӣ буда, ҳифз ва рушди давлатдории миллӣ аз вазифаҳои таърихии мо ба ҳисоб меравад. Хусусан пас аз садсолаҳои аз даст рафтани истиқлолияти сиёсӣ, доштани давлати мустақили миллӣ барои тоҷикон як шанси бузурги таърихӣ буда, масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик масъалаи сарнавиштсоз ва мавзӯи буду набуд мебошад. 
Дар айни замон, ислом моҳиятан дини фаромиллӣ ва ҷаҳонгаро (космополитӣ) буда, бо марзи давлат ва ё миллате маҳдуд намешавад. Агарчӣ ислом моҳиятан мавҷудияти миллатҳо ва қавмҳоро дар сатҳи қуръонӣ ҳамчун гуногунии бани башар эътироф менамояд, аммо марзҳои сиёсии давлатҳои миллӣ дар ислом эътирофи қатъии худро наёфтаанд. Бинобар ин, бо вуҷуди мавҷудияти давлатҳои гуногун, ташкилоту ҳизбу ҳаракату созмонҳои исломӣ моҳияти фаромиллӣ гирифта, ҳамчун организмҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд. Онҳо аз усули «давлатҳои гуногун, вале уммати ягона» истифода бурда, ҳадафу вазифаҳои худро дар сатҳи тамоми олами ислом ва дар сатҳи тамоми мусулмонон мегузоранд. 
Масалан, созмони «Ихвону-л-муслимин»-и Миср, ки зоҳиран як созмони сиёсию динии мисрӣ мебошад, дар асл ба ҳудуди давлати Миср маҳдуд нашуда, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон шохаву шуъбаҳои худро эҷод кардааст. Имрӯз бисёре аз давлатҳои арабӣ, аз ҷумла Урдун, Арабистони Саъудӣ, Алҷазоир, Тунис, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сурия, Либия ва ғайра бо шохаҳои ихвониёни худ, ки зери нуфузи ихвониёни мисрӣ ташаккул ёфтаанд, дар дохили худ мушкилоти ҷиддӣ доранд. Ин гуна фаъолияти фаромарзӣ ва эътироф надоштани марзҳои сиёсии давлатҳои мустақилро дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дигари исломӣ низ дидан мукин аст, ки мисоли равшани онҳо «Ал-Қоида», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ ва даъват», «Ҳизбуллоҳ», «Толибон», «ДИИШ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ғайра мебошанд. Тавре ки дида мешавад, моҳияти фаромиллӣ доштан на танҳо хосси ташкилоти экстремистию террористӣ, балки хосси тамоми ташкилоти сиёсии исломӣ мебошад, зеро ислом моҳиятан ба масъала нигоҳи фаромиллӣ дорад. 
Албатта, дар бораи ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон бояд гуфт, ки ин ҳизб пас аз оғози фаъолияти расмӣ дар соли 1999 Конститутсияи ҶТ-ро расман эътироф намуда, дар Оинномаи худ фаъолияташро бо марзҳои Тоҷикистон маҳдуд эълон намудааст. Аммо ин эътироф ва эъломи расмӣ ҳаргиз наметавонад моҳияти як созмони сиёсии исломиро тағйир дода, онро аз моҳияти исломӣ ва фаромиллии худ берун барорад. Бинобар ин, ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон низ метавонад дар мавридҳои мушаххас ҳамчун ҳалқае аз ҳаракати глобалии исломӣ амал намуда, маҳз дар рӯҳия ва самти манфиатҳои ин неруҳо фаъолият барад. Ҷамъ шудани намояндагони бонуфузи ҳаракатҳои байналмилалии исломӣ дар анҷуманҳо ва баъзе чорабиниҳои дигари сиёсии ҲНИТ ва иштироку узвияти ин ҳизб дар як силсила иттиҳодияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалии ҳизбу ҳаркатҳои сиёсии исломӣ, аз ҷумла, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, Ҷунбиши бедории исломӣ, Иттиҳоди ҳизбҳои сиёсии исломӣ, Иттиҳоди вакилони порлумонии исломӣ ва ғайра нишон медиҳад, ки пайвандҳои байналмилалии исломии ин ҳизб ба тадриҷ қавӣ мешаванд. 
Моҳият ва ҳассосияти ин масъала дар он аст, ки дар амалияи сиёсӣ манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои байналмилалӣ (хориҷӣ) на ҳамеша ба ҳамдигар мувофиқат менамоянд. Бинобар ин, саволи ҷиддӣ пеш меояд, ки дар чунин лаҳзаҳо ҳизби сиёсии динӣ ҳамчун намояндаи кадом неру амал мекунад? Ҳамчун намояндаи «уммати исломӣ» ва ё ҳамчун намояндаи давлати миллии тоҷикон? Дар лаҳзаи интихоби ҳассос, чунин ҳизб дар ҷониби иттиҳоди ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ меистад ва ё дар ҷониби давлати миллӣ? Шояд ин интихоб дар коғаз ва дар сухан осон бошад, вале дар амал барои ҳизби сиёсии динӣ ин як интихоби мушкил хоҳад буд, зеро чунин ҳизбҳо ба тадриҷ ба унсури таркибии ҳаракати ҷаҳонии исломӣ табдил мешаванд ва аз баҳри манфиатҳои он гузашта наметавонанд.  Ҳамин тавр, ҳизби сиёсии динӣ ба як «дасти хориҷӣ» ва ба як канали ба дохили кишвар ворид шудани манфиатҳои берунӣ табдил шуда метавонад, ки ин масъала барои давлатҳои мустақили миллӣ таҳдиди бузурги ҳаётӣ ба ҳисоб меояд.       
Хусусан, дар шароити Тоҷикистон, ки ҳизби сиёсии динӣ аз пухтагии кофии сиёсӣ бархурдор нест ва роҳбарони он шахсият ва ҷойгоҳи баланди сиёсӣ ва динӣ надоранд, чунин ҳизб ба осонӣ зери таъсири ҳаракатҳои бонуфузу ботаҷрибаи хориҷӣ қарор гирифта метавонад. Ин ҳолат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хубӣ мушоҳида шуда буд, ки ҲНИТ ба осонӣ ба оғӯши «бародарони калони исломӣ» даромад. Бинобар ин, дар масъалаи фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар шароити давлати миллӣ бояд дар назар гирифта шавад, ки дар сурати бартарият ёфтани рӯҳия ва арзишҳои ҳаракати байналмилалии исломӣ дар рӯҳияи чунин ҳизб, он метавонад ба як канали ҷиддии нуфузи хориҷӣ ва ба як омили таҳдид ба амнияти миллӣ табдил шавад. Табиист, ки як давлати огоҳи миллӣ наметавонад ин масъаларо сарфи назар намояд.    
Ҳамин тавр, баррасии ҷанбаи амниятии фаъолияти ҲНИТ дар шароити давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки ин масъала метавонад дар оянда бӯҳронҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад. Бинобар ин, масъалаи машруъияти фаъолияти як ҳизби сиёсӣ бояд на танҳо дар асоси «иҷозати қонунӣ», балки бояд бо назардошти тамоми ҷанбаҳои сиёсӣ ва амниятии масъала ва бо назардошти манфиатҳои усулии миллӣ муайян карда шавад. Қонунмандии мавҷудияти як ҳизби сиёсӣ маҳз дар ҳоле таъмин мегардад, ки фаъолияти он ба манфиатҳои миллии кишвар мутобиқ буда, ба истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ на имрӯз ва на дар оянда таҳдид эҷод накунад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мутаассифона, бо сабаби моҳияти фаромиллӣ доштани ислом ва ҳадафҳои глобалӣ доштани ҳаракати байналмилалии исломӣ, фаъолияти ташкилот ё ҳизби сиёсии динӣ наметавонад ба нафъи амният ва манфиатҳои давлати миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.  

М.Ҳасанов,
коршиноси масъалаҳои амниятӣ

 

Сентябрь 29, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад