Муътадил мондани қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд, ҳафтаи равон қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, муътадил боқӣ монда, 1 доллари ИМА ба ҳисоби миёна 6,85-6,88 сомонӣро ташкил намуд.
Хадамоти матбуотии Бонки миллӣ хабар медиҳад, ки: “Баъди интизориҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ маълум гардид, ки меъёри фоизи байнибонкии Бонки марказии Амрико тағйир намеёбад ва он чунин ҳам шуд, яъне дар сатҳи пешина тасдиқ гардид. Бинобар ин, бозорҳои ҷахонӣ ҳафтаи ҷориро нисбатан муътадил ҷамъбаст карданд. Дар натиҷа рубли русӣ +3,2 фоиз, нафти навъи брент +3,0 фоиз, тилло +2.9 фоиз пурқувват шуданд, ки ин то андозае барои дар сатҳи муътадил мондани қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мусоидат кард. Дар ин давра қурби миёнаи амалҳо бо евро ва рубли русӣ андаке баланд шуда, мувофиқан ба 7,60 сомонӣ барои 1 евро ва 0,103 сомонӣ барои 1 рубли русӣ баробар шуд”.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






