Н. Назарбоев:«Қазоқистон Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамояд»

Сентябрь 15, 2015 05:03

     Душанбе, 15.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз  муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми имконот истифода хоҳад кард ва ҳамеша Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамояд». Ин матлабро Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе иброз дошт. Дар мулоқот муҳимтарин масоили тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкории парлумонӣ  матраҳ гардиданд.
          Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои гуногун дахл намуда, зикр кард, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон  санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, сандуқи сармоягузории ҳарду кишвар таъсис дода шудааст, ки барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахасеро ба сомон расонидаанд. «Нақши Парлумони ҳар ду кишвар дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳоямон хеле муҳим аст, дар ин росто мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямонро тақвият бахшем», афзуд Ш. Зуҳуров. Вай фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистонро қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд. Истифода аз таҷрибаи қонунофарии ду кишвар аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти Ш. Зуҳуров бо Н. Назарбоев  буд. Таъкид шуд, ки парлумонҳои ду кишвар дар зарфи 24 соли истиқлолияти худ ба таҷрибаи нодир даст ёфтаанд ва истифода аз ин таҷрибаҳо ба нафъи парлумони ҳар ду кишвар аст.        Ш. Зуҳуров густариши муносиботи ду кишвари дӯстро дар ҳамаи соҳаҳо барои кишварҳои якдигар муҳим унвон кард. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкории парлумонии ду кишвари Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нав ворид хоҳад шуд. Мавсуф соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ самараи талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва парлумони он  арзёбӣ кард. Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бар зарурати густариши ҳарчи бештари ин равобит таъкид карданд.   
             

 

Сентябрь 15, 2015 05:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст