Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе»
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз 5- ум то 6- уми сентябри соли равон дар ш. Душанбе Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Рӯзи 5- уми сентябр ифтитоҳи расмии Намоишгоҳ бо муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷи кишвар оғоз меёбад.
Меҳмонони хориҷӣ- иштирокчиёни Намоишгоҳ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Осорхонаи миллӣ ва Парчами миллӣ боздид намуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон меҳмонони хориҷӣ- иштирокчиёни Намоишгоҳ дар суҳбати гирди мизи мудаввар бахшида ба 70- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ таҳти унвони «Шеър – пайвандгари дилҳо» ширкат варзида, бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯри анҷом медиҳанд.
Дар назар аст, ки дар Боғи фарҳангу фароғатии Рӯдакӣ таҳти унвони «Ҳамешабаҳор» маҳфили шеъру тарона баргузор мегардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






