Намояндагони Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ ҳоҷиёни тоҷикро бо гулпошӣ истиқбол намуданд

Сентябрь 3, 2015 05:24

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони Вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара ҳоҷиёни Тоҷикистонро бо гулпошӣ ва шеърхониҳо истиқбол намуданд.  Ба иттилои намояндагони Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ чунин иқдом ҳамасола дар шакли озмун, бо назардошти тартиби хуби меҳмонхонаҳо ва кори мунтазами ситодҳои ҳаҷ дар нисбати як давлат татбиқ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, як гурӯҳи махсуси корӣ аз Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ баъди боздид ва назорати шароити иқомати зоирони кишварҳои мусулмонӣ ва кори ситоди ҳаҷи ин кишварҳо Тоҷикистонро ғолиб дониста, ба истиқболи ҳоҷиёни кишвари мо баромадаанд.

 Маврид ба зикр аст, ки имсол бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор дар самти ташкили ҳаҷ — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сукунат ва будубоши арзандаи ҳоҷиён дар мавсими ҳаҷ меҳмонхонаҳои бароҳат ва муҷаҳҳаз, ошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи шароити лозима фароҳам оварда шудааст. 

Сентябрь 3, 2015 05:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов