Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард
МУРОҶИАТНОМАИ
аҳли зиёи шаҳри Қӯрғонтеппа
Мо — аҳли зиёи шаҳри Қӯрғонтеппа пешрафти ҷомеаро бидуни тинҷиву оромии Ватани биҳиштосо дар кору рафтори созанда мебинему ҳар як зарра хоки поки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ободӣ, соҳибистиқлолӣ, тинҷиву оромӣ ва зебогии афсонавии диёри хешро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамоем. Ба кишвари мо мардуми сарбаланду обруманди тоҷику тоҷикистонӣ бо шарофати истиқлолият ин неъмати бебаҳо насиб гаштааст. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватанро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан аст.
Ҳодисаҳои нангин, ки санаи чоруми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат зери роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ генерал майор Назарзода А. М. (Ҳоҷӣ Ҳалим), аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва ҳаммаслакони ӯ ба вуқӯъ пайвастанд, хиёнати бузург дар назди давлату миллат маҳсуб ёфта, аслан нобахшиданист. Назарзода А. М. ба Ватан-Модар, ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард. Манфиатҳои нопоки шахсӣ ва ғаразноки худро аз манфиатҳои давлатӣ боло гузошт. Хислатҳои неки инсонӣ, шараф, ҷавонмардӣ, ватандӯстиро зери по кард. Мо ин амалҳои ин ашхосро қотеъона маҳкум менамоем. Мо талабгори оромӣ ва сулҳу суботи давлати азизамон Тоҷикистон мебошем.
Истиқлолият, сулҳу субот, оромӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри истиқлолият ва амнияти давлати кӯчакамон — Тоҷикистон расем








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






