Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2015 14:47

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба ҷашни умумихалқӣ-24-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии як қатор кишварҳо ворид гашта истодаанд.

Аз ҷумла, дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

Шуморо бо ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.

Қайд менамоям, ки дар солҳои охир кишвари Шумо ба муваффақиятҳои назаррас дар ҳалли масоили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид.

Муносиботи Тоҷикистону Русия дар руҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ босуръат рушд мекунад. Ҳамкории мо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба самараи хуб медиҳад.

Мутмаинам, ки таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо ба манфиатҳои аслии ду халқ ҷавобгӯянд. Бори дигар таъкид мекунам – Русия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудан аз кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии бардавом, бурдборию муваффақиятҳо ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони дӯст сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Дар барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

“Ба муносибати 24-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи дӯст табрикоти самимона ва таманниёти беҳтаринро изҳор медорам.

Дар оғози ин моҳ Шумо ба Чин сафар намуда, дар чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги муқовимати халқи Чин бар истилогарони Япония ва ҷанги ҷаҳонӣ бар зидди фашизм иштирок кардед. Мо оид ба ҳамкории Тоҷикистону Чин ва ҳамчунин оид ба масоили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, ба мувофиқаи умумӣ расидем. Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо робитаи наздикро ба роҳ монда, баҳри вусъати мунтазами ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Чин кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам.

Ба Шумо саломатии бардавом  ва дар корҳоятон комёбиҳо таманно дорам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми он хушбахтӣ орзумандам”.

Дар паёми табрикотии худ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико менависад:

“Мӯҳтарам Ҷаноби Президент:

Дар якҷоягӣ бо мардуми Амрико, беҳтарин таманниёти хешро ба Шумо ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолият, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, ирсол менамоям. Мехостам бори дигар дастгирии мунтазами Иёлоти Амрикоро дар роҳи бунёди соҳибихтиёрӣ, рушди иқтисод ва густариши демократии Тоҷикистон таъкид намоям. Тавассути музокироти кушод ва боэътимод, метавонем як заминаи хуберо барои муносибатҳои боз ҳам қавитар ва васеътар, ки он ба мардуми Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида сулҳу субботро кафолат медиҳад, гузорем.

Иёлоти Муттаҳида аз он ифтихор дорад, ки аз қабили нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро шинохтааст ва ба таъмини сулҳу суббот ва шукуфоии он содиқ хоҳад монд. Ҳамкории бардавом, ки тӯли солҳои охир пиёда намудем, барои муносибатҳои оянда заминаи қавиро фароҳам овард. Мунтазири онам, ки дар солҳои наздик дӯстй миёни мардуми мо ва ҳамкорй байни Ҳукуматҳои ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гарданд”.

Дар паёми Президенти Федеративии Ҷумҳурии Олмон аз ҷумла гуфта шудааст:

“Ҷаноби Президент,

Солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо  ва тамоми мардуми кишваратон шахсан аз номи худам ва тамоми ҳамватанонам табрик мегӯям.

Аз лаҳзаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳоямон дар риштаҳои гуногун муносибатҳои зуд рушдкунанда ва эътимодбахш ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон барои Олмон дар Осиёи Марказӣ шарики муҳим  ба шумор меравад. Дар оянда ҳам мо мехоҳем кишвари Шуморо дар роҳи идомаи ташаккули сохторҳои демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва низоми бозорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Итминон дорам, ки чунин роҳи рушд барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бар нафъи ҳар ду кишвар зербинои олӣ хоҳад буд. 

Ба Шумо некӯаҳволӣ ва тансиҳатии комил орзу намуда, ба мардуми Тоҷикистон, сулҳу озодӣ ва некӯаҳволиро таманно дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми худ қайд кардааст:

“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаро расидани солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми кишваратон табрик мегӯям.

Умедворам бо иноят ба пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии ду миллат ва иродаи хости муштараки мақомҳои баландпояи ду кишвар густариши равобити ҳасана миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама абъод беш аз гузашта шоҳид бошем.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти онҷониб ва беҳрӯзй ва сарафрозии Давлат ва мардуми Тоҷикистонро орзу дорам”.

Дар паёми табрикотии Генерал-губернатори Иттиҳоди Австралия Питер Косгроува қайд шудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат диҳед, ба муносибати Ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон шахсан аз номи худам, Ҳукумат ва мардуми Австралия самимонатарин таманниётро иброз намоям.

Австралия муносиботи худро бо Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои дуҷониба умед дорад. Австралия нияти қатъӣ дорад, ки дар оянда бо Тоҷикистон ҳамкории хешро оид ба ҳалли масоили дорои манфиатҳои ҳарду кишвар, аз ҷумлаи рушди байналмилалӣ ва бехатарии минтақавӣ бо тартиби дуҷониба ва ҳамаҷониба ба роҳ монад.

Имсол ҳамчун соли мустаҳкам намудани муоширати байнишахсӣ дар риштаи варзиш арзёбӣ шудааст. Тимҳои мунтахаби миллии кишварҳоямон дар як гурӯҳи интихобии чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соли 2018 қарор доранд, 8 сентябр бошад, дар Душанбе, барои фараҳмандии мухлисони тимҳои мо, мусобиқаи байни тимҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар назар аст. Аз қабули тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷавобӣ, ки соли оянда дар Австралия мегузарад, шод хоҳем буд.

Иҷозат диҳед, итминони худро иброз намоям, ки  муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон дар оянда низ ривоҷ хоҳанд ёфт.

Ҷаноби Олӣ, лутфан табрикоти шахсӣ ва эътимоди  маро дар хусуси эҳтироми амиқ бипазиред”.

Дар паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Мутмаинам, ки муносиботи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар пояи ҳусни ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, минбаъд ҳам мунтазам рушд карда, ба манфиати халқҳои дӯсти мо, ба нафъи ҳифзи амният ва субот дар минтақа таҳким меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, ба фаъолиятҳои Шумо муваффақиятҳо ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Дар барқияи худ ба Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев менависад:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Мутмаинам, ки муносиботи муътамади дӯстонаи миёни Остона ва Душанбе шаклгирифта минбаъд ҳам ба манфиати миллии халқҳоямон рушд мекунад.

Бо истифода аз фурсат, Эмомалӣ Шарипович, ба Шумо саломатии бардавом, ба корҳои масъулиятнокатон бурдбориҳо ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Сарвари давлат, халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин табрик намуданд:

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Мексика – Энрике Пенья Ньето,

Президенти Ҷумҳурии Словакия – Андрей Киска,

Президенти Ҷумҳурии Туркия– Реджеп Тайип Эрдоган,

Раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус,

Президенти Ҷумҳурии Молдова – Николае Тимофти,

Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос,

Раиси Президиуми Маҷлиси олии халқии ҶХДК – Ким Ён Нам ва дигарон.

Ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Сентябрь 8, 2015 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад