Нуробод: бунёди иншооти ҷашнӣ идома дорад

Сентябрь 16, 2015 03:41

Нуробод, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бо  маблағи 1 миллиону 470 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Нуробод бинои дуошёна ба истифода дода шуд. 
Хамчунин дар ҷамоатҳои деҳоти Муҷихарф ва Изатулло Ҳакимов бо маблағгузории  Бунёди  инкишофи маблағгузории  Тоҷикистон ду мактаби тахсилоти умумӣ  мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифт. 
Ба иттилои  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  ноҳияи Нуробод Саломатшо Хоҷаев,  аз ҳисоби  хазинаи Оғохон бо маблағи  270 ҳазор сомонӣ  дар деҳаи Себаки ҷамоати деҳоти  Комсомолобод  бунгоҳи тиббӣ сохта шуд.

Сентябрь 16, 2015 03:41

Хабарҳои дигари ин бахш