Қочоқи 10 000 қуттӣ тамоку аз Афғонистон пешгирӣ карда шуд

Сентябрь 4, 2015 05:06

Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). —  Кормандони Хадамоти гумрук дар минтақаи назорати гумрукии Панҷи-Поён автомашинаи тамғаи «ДАФ» рақами қайди давлатӣ ТҶ 89-24 СА 01, таҳти идораи  сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Г.Н.-ро бо гумони қочоқи маводи тамоку боздошт намуданд. Дар рафти муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар қисми поёнии бордони автомошина пинҳонгоҳи махсус сохта шуда, дар дохили он қуттиҳои тамоку ба таври пинҳонӣ ҷойгир шуда аст. Маводи дарёфтгардида 1000 блок, дар маҷмӯъ 10 000 қуттӣ сигаретаи тамғаи ЕSSЕ-и истеҳсоли давлати Корея ташкил дод.
Н. Г. миқдор маводи тамокуро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади тиҷорат харидорӣ намуда, мехост ғайриқонунӣ ва ба таври пинҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Қумсангир барои баррасӣ ирсол карда шуд.  
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 4, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст