Омодагии “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” ба ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ

Сентябрь 2, 2015 04:42

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Директори генералии Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой ҳамаи лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ карда шаванд.  
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон аз тарафи Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут”сармоягузорӣ карда мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” соли 2004 барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ ба мӯҳлати 10 сол ва соли 2011 барои ҳуқуқи истихроҷи минтақаи омӯхташудаи кон ба мӯҳлати то соли 2030 иҷозатнома дода шудааст.
Аз ҷониби Ҷамъият ба буҷаи ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2015 ба маблағи 63,7 млн. сомонӣ, андозҳои давлатӣ пардохт шудааст. Айни замон шумораи кормандон 1025 нафарро тагкил медиҳад, ки аз он 550 мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Роҳбарияти Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Корпоратсияи металҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой” ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ворид кардани маблағҳои зарурӣ ба тарҳҳои судманд доштанд.

 

Сентябрь 2, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад