Оё барои ҲНИТ қонуне вуҷуд надорад?!

Сентябрь 10, 2015 13:15

Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 28-уми август аз номи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба унвони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) огоҳиномаи расмӣ оид ба қатъи фаъолияти ғайриқонунӣ интишор гардид. Аз ҷумла дар он омада буд, ки тибқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ҳизбҳои сиёсии кишвар бояд дар аксарияти шаҳру навоҳии ҶТ ячейкаҳои ҳизбии худро дошта бошанд. Вале тибқи 76 санад ва муоҳидаҳои ба Вазорати адлия ирсолгардида, дар 58 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ячейкаҳои ҳизбии ҲНИТ фаъолияташонро қатъ кардаанд ва аз ин бармеояд, ки ҲНИТ дар ин ҳол дигар ҳизби умумиҷумҳуриявӣ ба шумор намеравад. Бинобар ин, ҲНИТ ҳуқуқи истифодаи мақоми ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ ва гузаронидани анҷуманро надорад. Ҳамчунин қонуншикании низоми фаъолияти ҲНИТ, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва маросимҳои динӣ, роҳандозӣ намудани таблиғоти динӣ дар рӯзномаи «Наҷот»-и ҳизб, ки бар хилофи қонунгузорӣ аст ва ғайраҳо нишон дода шудаанд. 
Аслан, ҳар як ҳизби сиёсӣ пас аз чунин огоҳинома бояд фаврӣ қонуншикании роҳдодаро бартараф сохта, фаъолияташро дар чорчӯбаи қонунгузории кишвар ба роҳ монад. Аммо роҳбарони ҲНИТ чунин наҳисобида, эълон медоранд, ки «ҳатто агар аз осмон санг борад ҳам ба баргузории анҷумани 12-уми ҳизб, ки 15-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст, халал намерасонад». Пас аз чанд рӯз онҳо на танҳо тактикаи радсозии қонунро дигар накарданд, балки рӯирост эълон доштанд, ки ният доранд, ҳатто ғайриқонунӣ ҳам бошад омодагиро ба гузаронидани анҷуман идома медиҳанд. Бо вуҷуди ин, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит қайд кард, ки Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим дорад, ки танҳо интишори ҷавоб ба огоҳиномаи Вазорати адлияи ҶТ-ро кифоя шуморад.    
Дар иртибот ба ин, суоле ба миён меояд, ки то чӣ андоза фаъолияти ҳизби сиёсиии кишвар, ки дидаю дониста қонуншиканӣ мекунад ва талаботи қонунии мақомоти қудратиро рад месозад, оқилона аст?  Алалхусус, агар нақши фоҷиабори онро дар таърихи навини халқи тоҷик ба назар гирем.
Дар ин замина, ақидаи сиёсатмадори маъруф Звягелская И. таваҷҷуҳро ҷалб мекунад. Хатари ҲНИТ ба Тоҷикистони муосирро арзёбӣ намуда, ӯ қайд мекунад: «Пеш аз ҳама, бояд дар ёд дошт, ки қонунигардонии ҲНИТ натиҷаи раванди батанзимдарории муноқишаҳои сиёсӣ , ки ба доираи кӯшишҳои байналмилалӣ шомил буд, мебошад. Муносибат ба ҲНИТ дар дохили кишвар духӯра буд: ҳизби мазкурро ба он гунаҳгор мекарданд, ки ҳангоми ҷанг он худро ба таври кофӣ ифротӣ нишон дод. Пас аз ҷанг ин духӯрагии муносибат ба ҲНИТ ба муддати тӯлонӣ боқӣ монд – хеле зиёд хунрезӣ шуда буд, хеле зиёд мусибат буд. Бисёр одамон дар ин ҳодисаҳо мухолифонро гунаҳгор медонистанд, ки бо низоми мавҷуда муборизаи шадид сар карданд ва ситемаи мавҷударо аз байн бурда, бар ивази он ба халқ чизе надоданд».
Ҳоло дар минтақа радикализми исломӣ ҷавлон мезанад, дар марз бо Тоҷикистон ташаккули ҳарбии созмонҳои террористии байналмилалӣ мутамарказ мешаванд, ки айнан дар соли 1990 ҲНИТ муҳорибаи мусаллаҳона бо Ҳукумати конститутсионии ҶТ бурда буд ва то ҳол масъулони он робитаи зич доранд.
Дар ин шароит мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба қонуншикании таҷовузкорона ва дағалонаи роҳбарони ҲНИТ чӣ гуна бархӯрд кунанд? Ба назар мерасад, ки ба қонунгузории ҷории кишвар вокуниш муносиб ва асоснок хоҳад буд: дар саҳнаи сиёсӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон мавҷудияти ҳизбе, ки нигилизми ҳуқуқиро инкоркунанда ва ба сулҳу субот ва давлатдорӣ таҳдидкунанда бошад, имконнопазир аст. 

Суҳроб Рашидов

Сентябрь 10, 2015 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад