Пешгирии майлшавӣ ва ҳурофатпарастии занону ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки занони фаъол, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муовинони раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, раисони шуроҳои занони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, конференсия дар мавзуи «Ташаккули маърифати оиладорӣ- омили рушди устуворӣ» гузаронида шуд.
Дар кори конфронс иштирокдорон оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирии тамаюл ба фарҳанги бегона ҳурофатпарастии занон, доири масоили зиёдшавии бекор кардани ақди никоҳ, муҳоҷирати меҳнатӣ, поймолшавии ҳуқуқи занон, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии содир кардани ҷиноят аз ҷониби занон ва ноболиғон, худкушӣ ва хушунати хонаводагӣ, сабабҳои бекоршавии никоҳ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он, ба мактаб бештар ҷалб намудани духтарон ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, оид ба зиёд шудани баҳсҳои оилавӣ, коста шудани тарбияи ахлоқии духтарони мактабҳои ноҳия, доир ба интизом, одоби оиладорӣ, беҳтар намудани сатҳи маърифати ҳуқуқии занону духтарон суханронӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






