Президент: Бештар хатмкунандагон аз мактабҳое барои таҳсил ба хориҷа мераванд, ки сатҳи таълим дар онҳо хуб аст

Сентябрь 1, 2015 03:38

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — “Ҳукумати мамлакат барои тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кўшиш намуда, аз соли 2008 инҷониб зиёда аз 10 ҳазор ҷавонони мамлакатро танҳо тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат «Дурахшандагон» ва беш аз 20 ҳазор нафарро дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст”, — гуфт Президенти кишвар Эмоалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. 
Бояд гуфт, ки имрўз дар маҷмўъ дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ беш аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.
“Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, бештар хатмкунандагон аз шаҳру ноҳияҳое барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, ки сатҳи таълим дар мактабҳои онҳо хуб буда, саводнокии шогирдонашон баланд мебошад. То ин дам фарзандони болаёқати мо дар беҳтарин мактабҳои олии қариб 40 давлати пешрафтаи хориҷӣ аз рўи даҳҳо ихтисос таҳсил намуда, аввалини онҳо аллакай ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба кор оғоз кардаанд ва мутахассисони сатҳи баланд ба ҳисоб мераванд”, — тазаккур дод Сарвари давлат.
Бино ба иттилои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин сол беш аз 4000 нафар ҷавонони мамлакат барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода, дар навбати аввал ихтисосҳои барои иқтисоди миллии мо зарур ба инобат гирифта шуданд. 

 

Сентябрь 1, 2015 03:38

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд