Р.Раҳимзода кормандони милитсияро дар беморхона аёдат кард

Сентябрь 25, 2015 04:28

Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -24 сентябр дар рӯзи  Иди саиди Қурбон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» дар шаҳри Душанбе омада, аз саломатии кормандони Дастаи таъйиноти махсуси ВКД ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки зимни ҳуҷуми мусаллаҳона ва амалиёти махсус бар зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифт.
Вазири корҳои дохилӣ кормандонро бо Иди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо шифои комил хост. Ҳамзамон зимни аёдат аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон туҳфаҳои идона ва маблағҳои пулӣ тақдим шуданд.
Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  таҳти дастгирию ғамхории  пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо кумаки ҳамаҷониба расонида мешавад.

 

Сентябрь 25, 2015 04:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид