Риоя накардани бехатарии ҳаракат боиси марги писарбачаи 12 сола шуд

Сентябрь 23, 2015 05:24

Душанбе, 23.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 22-юми сентябр соати 05.30 ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 23-солаи ноҳияи  Хуросон ҳангоми ҳаракат аз  шаҳри Душанбе ба самти  Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи  Хуросон бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, дар самти муқобили роҳ ба мошини тамғаи “Санг-Йонг-Муссо”, таҳти идораи ронандаи 47-сола бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Мусофири дигари мошини мазкур сокини 28-солаи н. Хуросон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Дар ин рӯз, ҳамчунин, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21093”,  сокини 50-солаи ноҳияи Ҷ. Румӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, писарбачаи 12-солаи сокини ҳамин ҷамоатро пахш намудааст. Дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Сентябрь 23, 2015 05:24

Хабарҳои дигари ин бахш