Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Сиан
Душанбе, 22.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии амволи беҳтарини давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Сиани ҶМЧ рафт.
Тавре ки Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар медиҳад, Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни созмонҳо ва корхонаю ширкатҳои мамлакатро ба маърази намоиш мегузорад.
Мавзӯъҳои асосии иҷлосияҳои соҳавӣ иборат аз Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, масоили ҳамгироӣ ва кооператсияи СҲШ, рӯи кор овардани лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ ва ғайра мебошад.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар намоишгоҳ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тиб барои шумо», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Саноатсоз», Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Корхонаи воҳиди давлатии «Талко», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин, Корхонаҳои воҳиди давлатии «Пилла» ва «Коргоҳи мошинсозӣ», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Рухом», Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширин», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Майрамбибӣ», Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суман», Ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшидаи «Равшан», «Баракати Исфара», «Оби зулол», Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшидаи «Тиналл» «Само», Ширкати илмию истеҳсолии «Сомон энержи» иштирок менамоянд.
Намоишгоҳ ба манзури фароҳам овардани шароити фурӯшу муомилоти амволи кишварҳои узви СҲШ, истифодаи минбаъдаи имконоти савдои байни кишварҳои СҲШ, тақвияти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва рушди босуръати ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи СҲШ доир мегардад.
Дар кори намоишгоҳ ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, ҶМЧ, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, ҳамчунин кишварҳои нозир аз ҷумлаи Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Покистон, кишварҳои мушорики муколама чун Беларус, Туркия, Шри — Ланка ва Туркманистон ба ҳайси меҳмони махсус иштирок менамоянд.
Қобили зикр аст, ки намоишгоҳ дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии Авруосиё аз рӯи самтҳои асосии ҳамкорӣ дар фазои СҲШ рӯи кор оварда, дар он вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозод, раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид, директори генералии ПСС вилояти Суғд Фирдавс Комилов ва шахсони дигари расмӣ сухан мекунанд.
Намоишгоҳ аз 24 то 26 сентябр давом мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






